Махфили «Оилаҳои ибратомӯз»

.

Рӯзи 14.05.2019 тибқи нақша чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки 6-ҷуфт оилаҳои собиқадори намунавӣ, ду ҷуфт оилаҳои ҷавон ва даъвати зиёда аз 400 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони муассисаҳои таълимии шаҳр маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз» доир гардид.

 Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ қавӣ нигоҳ доштани оила, дуруст тарбия намудани фарзандон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад, чунки оила кохест бунёдёфта аз меҳру муҳаббат, иззату эҳтироми тарафайн.

Маҳфили мазкур дар доираи омодагиҳо ба «Рӯзи оила» баргузор карда шуд.