Рӯзи мудофиаи гражданӣ
Рӯзи 14 майи соли 2019 дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №2 “Рӯзи мудофиаи гаржданӣ” доир гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагии кормандони муассисаи давлатии таълимии томактабии №2, мақомотҳои идоракунӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани заминларза, ташаккул ва инкишоф додани дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гаржданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудани тарбиятгирандагон, баланд бардоштани сатҳи омодагии кормандони муассисаи томактабӣ дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ дошта аз ҷумла рӯҳию маънавӣ, омода будан ва расонидани кӯмак ба кӯдакон дар ҳама гуна вазъиятҳо гузаронида шуд.