Вохӯрии собиқадорони меҳнат ба мутахассисони ҷавон

.

Рӯзи 14-уми май дар толори беморхонаи марказӣ собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо донишҷӯёни филлиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ки дар назди Беморхонаи марказии шаҳр амал мекунад, вохӯрда, бо онҳо сӯҳбати гарму самимӣ доир намуданд.

Нақши чунин чорабиниҳо дар тарбияи маънавию касбии мутахассисони ҷавон муҳим арзёбӣ гардида, аз суханони дастандаркорон баргузории онҳо дар соҳаҳои дигари шаҳр низ ба роҳ монда мешаванд. Духтурони ботаҷриба ва соҳибтахассуси шаҳр, ки таҷрибаи беш аз 30-40-солаи корӣ доштанд, аз рӯзгору таҷрибаи худ ёдовар шуда, донишҷӯёнро ба дӯст доштани касби интихобкардаашон ва талош варзидан баҳри беҳбудии саломатии мардум талқин намуданд.

Қурбонмурод Қараев, Абдулло Бойчаев, Шодӣ Эшахмедов, Саид Қосимов, Мамлакат Қаҳҳорова, Марҳабо Эшонова, Ҳамида Шомиддинова, Мастона Додова, Шарофат Боева, Холов доир ба таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустии кишвар, дастгирӣ ёфтани муттахассисони ҷавон, пешрафту тараққиёти соҳаи тандурустӣ дар кишвар сухан гуфта, ба донишҷӯён барои баланд гардондани сатҳи касбияташон маслиҳатҳои муфид доданд ва омодагии худро барои дастгириву раҳнамоии онҳо изҳор доштанд.