Чаро САҲА ҷинояткоронро қабул мекунад?

.

 Истиқлолият ба мо имкон дод, ки Ватани худро соҳиби кунем, суннату арзишҳои миллиро эҳё созем, шукургузори аз тинҷию амонӣ намуда, осуда зиндагонӣ намоем.

 

Имрӯз мо Тоҷикистониён аз дастовардҳои меҳнатӣ ва бунёдкорию созандагӣ ибрози ақида менамоем. Мутаассифона, ҳастанд шахсони хиёнатпеша ва хоин, ки хориҷ аз кишвар мехоҳанд ба ин дастовард, беҳбудӣ ва пешравиҳо халал эҷод намоянд.

Роҳбари ҳизби мамнуъи ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо барои расидан ба ҳадафҳои ноҷавонмардонаю нопоки худ ба сохтакорӣ, риёкорӣ ва макрҳои навбатӣ машғул мебошад. Аз ҷиноятҳои содир кардааш шарм намедорад!

Чаро иттиҳоди Аврупо САҲА ин ҷинояткоронро қабул мекунад. Ҳол он, ки ТЭТ ҲНИ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон шудааст.

ТЭТ ҲНИ аз ҷониби Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Паймони Давлатҳои мустақил ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидааст.

Муҳиддин Кабирӣ аз гуноҳҳо ва хиёнатҳои содир намудааш шарм накарда мехоҳад як ҳуҷҷатеро ба номи эъломияи таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон» ахборот паҳн намояд. Пештар дар бораи таъсиси ташкилоти «Анҷумани озодандешагони тоҷик» ҳангома паҳн карданӣ буданд. Номивазкунию авомфиребии ин қабил ташкилоти мамнуъи террористию-экстремистии муфтхур ба ҷуз пайдо кардани дастгирии молиявӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо чизи дигаре нест.

Наҳзатиҳо мехоҳанд бо ин макрҳои навбатӣ пусти худро иваз намоянд. Бо ин амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнаткорона мехоҳанд ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд.

Мо огоҳи дорем, ки собиқ аъзои ТЭТ ҲНИ Абдураҳим Каримов дар нишасти навбатии САҲА ҳамаи гуноҳҳои содирнамудаи ин ташкилоти мамнӯъро  бо далелҳояш исбот намуд.

Ҳизби террористӣ ва экстремистӣ будани ҲНИ-ро дигар аъзоёни ин ҳизб Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддини Сатторов низ баён намуда аз ҳадафҳои номатлуби онҳо ибрози ақида намуданд. Инчунин баён намудаанд, ки ин ҳизб хоин ва хиёнаткор аст ва аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад.

Агар иттиҳоди Аврупо воқеъбинона ба кирдорҳои ноҷавонмардонаи ТЭТ ҲНИ баҳогузорӣ намоянд, он гоҳ хиёнатҳои нисбати халқи тоҷик кардаи онҳо ба ҷаҳониён ошкор мегардад.

Мардуми сулҳпарвари тоҷик ин ташкилоти террористии сар то по ба гуноҳ оғуштаи ҲНИ-ро намепазиранд.

Солҳои навадум ин ташкилот, ки будани худро ошкор намуд. Сабабгори ҷанги шаҳрванди низ ин ташкилот мебошад. Ташкилкунандаи табаддулоти соли 2015 бо роҳбарии  Ҳоҷиҳалим Назарзода маҳз ин ҳизби террористӣ ва экстремистии ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мебошанд.

Халқ гуноҳҳои содир намудаи онҳоро ҳаргиз намебахшад!