Вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён
Дар таърихи 15.05.2019 дар арафаи баргузории «Рӯзи ҷавонон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан аз рафти таҳсил, шароити зисту зиндагӣ, истироҳату фароғат, дастоварду мушкилот, ҳавасмандсозӣ, дастгирии моддӣ ва маънавии ҷавонони дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳсилдошта вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯёни шаҳри Левакант, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, доир гардид.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода.З.Д бо донишҷуён суҳбати гарму самимӣ доир намуда, зимни суҳбат изҳор доштанд, ки:
-Боиси ифтихор аст имрӯз аксари ҷавонони мо дар мактабҳои олӣ бомуваффақият таҳсил карда, атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад. Бигузор, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Донишҷӯён низ дар навбати худ миннатдории худро ба раиси шаҳр изҳор доштанд.
Дар охир ба донишҷӯёни мазкур аз тарафи раиси шаҳр туҳфаҳои молиявӣ тақдим гардид.