Олимпиадаи «Spelling Bee»

.

Рӯзи 16.05.2019 бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ байни хонандагони синфҳои      5–7–и муассисаҳои таълимии шаҳр Олимпиадаи «Spelling Bee» дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тогҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.

 Мақсад аз гузаронидани олимпиада дарёфт намудани хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши забони англисӣ шавқу рағбат доранд, шиносоии хонандагон бо истилоҳоти бештари забони англисӣ, муҳаё кардани  шароити мусоиди  таълими омӯзиши забони англисӣ барои хонандагони болаёқат,  омода намудани  хонандагон ба таҳсил  дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ғани гардонидани хазинаи луғавии хонандагон тавассути аз худ намудани истифодаи ҳарчи бештари калимаҳо, тарзи дурусти талаффузи калимаҳо бо забони англисӣ, баланд бардоштани нутқи шифоҳии хонандагон, ҷалб  ва омода намудани хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ ба олимпиадаҳои  байналмилалӣ, рушди маҳфилҳои илмӣ, корҳои берун аз дарсӣ ва берун аз мактабӣ барои омӯзиши забони англисӣ вобаста ба талаботи низоми муосири таҳсилот, интихоб ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ барои  иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад. 

Дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонандагони донандаи забони англисии муассисаҳои таълими шаҳр иштирок намуда, 3 нафар аз муассиаҳои типпи нав ва 3 нафар аз муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо ифтихорномаи бахши маориф қадрдонӣ карда шуданд.