Семинари китобдорон

.

Имрӯз дар бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинари навбатии китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳр  доир гардид, ки дар он  мутасаддӣ оид ба китобҳои иҷоравӣ Қурбонов Сафар  дар мавзуъҳои  дуруст  ва бехато дар асоси нишондиҳандаҳо пур кардани «Дафтари инвентарӣ» оид ба китобҳои бадеӣ ва маводҳои таълимӣ, «Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ» дар асоси талаботҳои «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷмҳурии Тоҷикистон», «Пардохти маблағи китобҳои дарсӣ», «Пешниҳоди  ҳисоботи омории тақсимоти китобҳои дарсӣ давоми панҷ моҳи соли 2019» баромад намуд.

 Қайд гардид, ки дар асоси талаботҳо пур кардани «Дафтарҳо» барои дар оянда муайян кардани миқдори китобҳои воридгардида ва дастрасии онҳо ба хонандагон муайян карда шавад. Таъкид  шуд, ки то рӯзи  20 майи соли 2019  пардохти маблағи китобҳои иҷоравӣ ва ҳисоботҳои оморӣ оид ба тақсимоти китобҳо дар байни хонандагон пешниҳод карда шавад.