Баргузории мусобиқаи велосипедронӣ

.

18- май дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр марафони велосипедронӣтаҳти унвонӣ «Солимии ҷавонон-солимии миллат» баргузор гардид.

 Мусобиқа субҳи рӯз аз даромадгоҳи шаҳр оғоз гардида, дар он камобеш 500 нафар наврасону ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар нафарони дӯстдори ин навъи варзиш  иштирок намуданд.

Марафони велосипедронӣ дар се давр, миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолону кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардида ғолибон бо медалу ифтихорномаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ миёни наврасон Раҳматов Эмомалӣ, хонандаи Литсейи №1 ҷойи аввал, Ҳошимов Сайбурҳон, хонандаи муассисаи таълимии №2 ҷойи дуюм ва Назруллоев Абубакр хонандаи Литсейи №1 ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

Дар миёни ҷавонон ҷойи аввалро Ашуров Давлат хонандаи МТМУ №7, ҷойи дуюмро Саймумини Қодирзод толибилми МТМУ №4 ва ҷойи сеюмро Сафаров Маҳмадулло, таълимгирандаи ЛКСК- и шаҳр ба даст оварданд.

Корманди СНОБ- и Вахш, Тағоев Ҷамшед ҷойи якум, намояндаи МНДСЭ Мирзоев Раҳмоналӣ ҷойи дуюм ва ҷойи сеюмро низ корманди СНОБ-и Вахш, Қурбонов Сӯҳроб  дар миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо ба даст оварданд.

Инчунин ба ягона иштирокчии ҷинси латиф, Моҳираи Қурбоналӣ, толибилми Литсёйи №1 ва якчанд иштирокчиёни фаъоли ин мусобиқа низ ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.