Шаҳрамонро гулзор мекунем

.

18 май бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳо бо ҷалби 100 нафар волонтёрон  дар шаҳр аксияи гулшинонӣ таҳти унвони «Шаҳрамонро гулзор мекунем» гузаронида шуд.

 Тавассути аксияи мазкур ҷавонон дар кӯчаи Нурулло Абдулло зиёда аз 1000 бех гулҳои гуногуни ороишӣ шинониданд. Дар нақша аст, ки чунин аксияҳо то охири моҳ доир карда шавад.