Амнияту осоиштагии кишвар аз сатҳи огоҳии мо вобаста аст
Дар литсейи касби саноати кимиёвии шаҳр бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва як гурӯҳ хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳр таҳти унвони “Ҳифзи амнияту осоиштагии кишвар вазифаи мост!”мизи мудаввар доир гардид.
Дар суҳбат Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, А. Мастов, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ф. Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Л. Миров, омӯзгори муассисаи мазкур қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба ҷавонон ва ҳаёту фаъолияти онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият диққати махсус зоҳир гардида, ҳисси баланди худшиносиву огоҳии миллӣ доштани ҷавонон гарави амнияту осоиш ва пешрафти ҷомеа дониста шуд.
Гуфта шуд, ки ин чорабинӣ бо мақсади ба саҳми ҷавонон расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вазъи нохуби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва умедвории давлату ҳукумат аз ҷавонон ҳамчун ояндасозони мамлакат роҳандозӣ гардида, аз ҳисоби онҳо дар оянда таъсис додани гурӯҳҳои кории алоҳида барои пешбурди корҳои таблиғотӣ дар назар дошта шудааст.