Олимпиада байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

.

Рӯзи 21.05.2019 дар литсейи касбии техникии №2-и ноҳияи Ёвон олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид, ки дар он 88 нафар довталаб аз 17 омӯзишгоҳ ва литсейҳои минтақаҳои Бохтари вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар ин озмун аз МДТ “ЛКСК”-и шаҳри Левакант 7 нафар хонандагон иштирок намуда, Тоҳирова Манзура хонандаи гуруҳи №4  бо ихтисоси “Лаборанти таҳлили кимиёвӣ” аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷои 1-ум, Шералиева Саодат хонандаи гуруҳи №14 аз фанни забони тоҷикӣ, Қурбонов Солеҳҷон хонандаи гуруҳи № 1 бо ихтисоси “Харрот” аз фанни физика, Ҳимматов Муҳаммад хонандаи гуруҳи № 13 бо ихтисоси “Кафшергари барқӣ” аз фанни химия сазовори ҷойҳои 2юм, Муллоев Раҳмоналӣ хонандаи гуруҳи № 2 бо ихтисоси “Лаборанти таҳлили кимиёвӣ” аз фанни биология соҳиби ҷои 3-юм ва Сафаров Алишер хонандаи гуруҳи № 1 бо ихтисоси Харрот сазовори ҷои ифтихорӣ гардиданд.