Қадрдонии дастоварди варзишгар аз ҷониби ҳизб!

.

22-уми май дар арафаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант модари Бахтовар Абдуллоев, ҷоизадори мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштини тарзи самбои муҳорибавӣ, ки айни ҳол дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, даъват шуда, сипосномаву туҳфаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант супорида шуд.

 Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат миннатдории хешро ба Нигина Абдуллоева изҳор дошта, қайд намуд, ки дастоварди Бахтовар Абдуллоев воқеан боиси сарбаландии ҳар сокини шаҳр ва кишвар мебошад. Мо аз доштани чунин ҷавонони бонангу номус, ки бо шарофати онҳо парчами миллии мо дар сатҳи байналмилалӣ парафшон мешавад,  ифтихор мекунем.