Олимпиадаи вилояти «Spelling Bee»

.

Дар Маркази дарёфт рушди истеъдодҳои  вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ байни хонандагони синфҳои 5 – 7 – и муассисаҳои таълимии шаҳр Олимпиадаи «Spelling Bee» дар самти татбиқи «Барномаи  давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тогҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.

 Аз муассисаҳои таълимии  шаҳри Левакант 6 нафар аз муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ, ки  ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта буданд  иштирок намуданд.

Дар байни 25 ноҳияи вилояти Хатлон Назарова Ҳафиза хонандаи синфи 7-и муассисаи таълимии №1 ва Ҳасанова Шаҳноза хонандаи синфи 7-и муассисаи таълимии №4 созовори ҷои сеюм гардида, аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои  вилоят бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.