Пешгирии нашъмандӣ ва зарари тамоку, ВНМО/БПНМ дар байни ҷавонон ва наврасон
Рӯзи 21. 05. 2019 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ барои амали гардонидани ҳадафҳои Барномаи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” дар муассисаи таълимии №10 чорабинӣ таҳти унвони “Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем” доир гардид. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ба хонандагон фаҳмонидани зарари нашъмандӣ, тамоку, пешгири намудани аз касалиҳои сироятии ВНМО ва интихоби ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва наврасон мебошад.
Бо ҳамин мақсад дар чорабинӣ хонандагон бо газетаҳои деворӣ, маърӯзаҳо ва иншоҳо дар мавзӯи “ВНМО”, “Тамокукашӣ ва зарари он” “Нашъамандӣ вабои аср”, саҳначаҳо, виктарина, рақсҳои миллӣ, расмҳо ва сурад дар мавзъҳои мазкур баромад намуданд.
Дар хотима аз тарафи директори муассисаи таълимӣ хонандагон бо сипосномаи муассисаи таълимӣ қадрдонӣ шуданд.