Таҷлили чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

.

21-май дар толори қасри фарҳанги шаҳр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод шӯрои кор бо ҷавонон доир гардид.

Дар кори Шӯро аъзо, роҳбарони мақомоти дахлдор ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.

 Раиси шаҳр ба кори Шӯро оғоз бахшида, гузориши мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Одинаев Ҷ. оид ба рафти иҷрои самтҳои афзалиятноки «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Левакант барои солҳои 2019-2021» шунида шуд. Дар анҷоми кор Шӯро барои корбарӣ ва пешравӣ дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Инчунин зиёда аз 30 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр ва гирандагони стипендияи раиси шаҳр бо тӯҳфаҳои пули ва сипосномаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд.

Сипас бо иштироки З.Давлатзода дар саҳни қасри фарҳанги шаҳр маҳфили «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.