Мо фарзанди содиқ ва бонангу ори ватанем!

.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Нурафшон»  аз боби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат доир намуданд.

 Фароғат Назарова –муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр вохӯриро кушода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ба сокинон расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ кард.

Суҳроб Валиев- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита сухан карда, дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар мавриди мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд, ҳарф заданд.

 Масъулин аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, камбудиҳои соҳаи бонкдорӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкдории кишвар, камбудӣ дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар бахши иқтисодии кишвар, мавҷуд будани гузаргоҳҳои ғайриқонунии гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот дар сарҳад, таъмин набудани назорати бехатарии молу маҳсулоти воридшуда, вуҷуд доштани коррупсия дар миёни кормандони соҳаҳои иқтисодиву гумруки мамлакат ва аз ҷониби

кормандони ин соҳаҳо аз худ шудани маблағҳои калони буҷети давлатӣ, ки нигаронӣ карданд, ибрози андеша намуданд.