Таблиғоту ташвиқот- роҳнамоӣ барои корҳои бунёдкориву созандагӣ!
Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Бойторӣ» -и шаҳр хониши сиёсӣ дар мавзӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир намуданд.
Дар мулоқот масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада суханронӣ намуданд. Ҳамзамон атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ҳидоят намуданд.
Дар охир ҷамъомадагон андешаҳои судманди масъулинро якдилона дастгирӣ карда, зикр намуданд, ки пешравию шукуфоии Ватан хушбатии мо буда, барои боз ҳам шукуфонтар шудани сарзамини аҷдодиамон саҳми босазои худро мегузорем.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.