Мусобиқаи тирпарони байнӣ

.

Имрӯз аз тарафи кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи ҷавонон байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи варзишии тирпаронӣ баргузор гардид.

 Дар мусобиқаи мазкур дастаи хонандагони МТМУ №2 ҷои якум, дастаи хонандагони литсейи давлатии №1 ҷои дуюм ва дастаи хонандагони МТМУ №14 сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар хотима аз тарафи раиси КШ ТҶММ ғолибон бо диплом, медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.