Тарбияи насли сазовор вазифаи ҳамагонист

.

23 май дар муассисаи таълимии №3 воқеъ дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрӣ доир гардид, ки дар рафти он аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавони ин муассиса суҳбати гарму самимӣ оростанд.

 

Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, А. Мастов, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, В. Бердиев, собиқадори соҳаи маориф, Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант  ва З. Тағоев, директори муассисаи мазкур зимни суҳбат насли ҷавонро нахуст бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ҳар кадом орзуву таманниёти худро дар бораи ҳамчун насли ояндасоз, дӯстдори ватану миллат, муҳофизони аслии амнияту осоиштагии кишвар ва сазовори боварии халқу миллат ба воя расидани онҳо изҳор медоштанд.

Омӯзгори ҷавони ин муассисаи таълимӣ Зафар Тағоев, ки айни замон дар пайи ҳимояи унвони илмӣ қарор дорад, доир ба мавзуъҳои зимни суҳбат матраҳгардида изҳори назар намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки талош меварзанд, то насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва дорои ғурури ифтихори миллии баланд тарбия намоянд.