Оғози сохтмони таълимгоҳи нави муосир дар маркази шаҳр
Субҳи имрӯз дар шаҳри Левакант барои сохтмони муассисаи таълимӣ бо фарогирии 320 нафар хонанда санги асос гузошта шуд.
Дар ин маърака Нуриддин Саид Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон раиси вилояти Хатлон, Давлатзода Зарина раиси шаҳри Левакант, сармоягузор роҳбарияти ширкати «Синохайдро Ко» ва дигарон иштирок доштанд.
Сараввал меҳмонон аз нақшаи тарҳи бино ва иншоотҳои он дидан намуда, дар бораи ҷузъиёти он маълумоти муфассал гирифтанд. Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тарафи ширкати хориҷии «Pover Construction Corparation of China» бо сармояи беш аз 10-миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.
Меҳмонон ба нақшаи иншоот баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки бо ингуна тарҳ то ҳол дар кишвар ягон муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст. Тарҳи ин объект аз тарафи ташкилоти лоиҳасоз, ҶДММ «АБРИС» омода шуда, аз синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори китобхонӣ, майдончаи универсалии варзишӣ, толори варзишӣ, устохонаи писарона ва духтарона, ошхона, утоқҳои корӣ иборат мебошад.
Масъулини ширкати сармоягузор ваъда доданд, ки корҳои сохтмониро дар давоми як сол бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд. Пешниҳод гардид, ки муассиса нишони дӯстии Тоҷикистону Чин номгузорӣ карда шавад.