Ҳафтаи кӯдакон

.

27- май дар қасри фарҳанги шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ровии беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин» ва «Ихтироъкори беҳтарин» баргузор гардид.

 Мақсади баргузории ин озмунҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб аз қабили ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҳамсолон, аз ҷумла кӯдакони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои беҳтарин аз миёни кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад.

Дар озмуни мазкур зиёда аз 285 нафар наврасон иштирок намуда ҳунару маҳорати худро нишон доданд. Ғолибони озмун дар таҷлили  Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1-июн бо сипоснома, диплом ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда мешаванд.