Дасти дармондагонро гирифтан масъулияти ҳар як инсони бошараф аст!

.

Боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки тайи даҳ соли охир   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва роҳандози гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд.

 Тавре аз дастуру ҳидоятҳои Рохбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, шахсони саховатманде, ки  имконияташон бештар бошад корҳои вобаста ба шакли анҷоми хайру сахо, баъдан ба ятимону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз кардан, хайрҳои ҷорияро ба манфиати мардум анҷом диханд боиси ифтихор ва сарфарози аст.

Ин аст, ки ба унвонии мисол, раиси ташкилоти ибтидои ҶСП «Холденги Исмоили Сомонӣ» ба 10 нафар оилаҳои ниёзманди ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон  маводҳои хӯрока кӯмак расонд. Чунин амалҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони саховатанди шаҳри Левакант пайваста анҷом дода  мешаванд.