Мардум дар рохи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд!
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Сарфароз» аз боби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат доир намуданд.
Масъулин ба иштирокчиёни вохӯри дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» инчунин дар мавзуъҳои дигари мубрами рӯз андешаронӣ карданд.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба рангу бор намудан бино ва тозаю озода намудани гирду атроф, машғул гардиданд.