Оилаҳои ибратомӯз – ҳидоятгари ҷавонон

.

Рӯзи 29.05.2019 бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо даъвати се ҷуфт оилаҳои намунавии ин деҳа махфили «Оилаҳои ибратомӯз»  баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, нигоҳ доштани солимии ҷомеа, пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, хушунату зӯроварӣ дар оила ва дигар  масоили мубрами ҷомеа  мебошад.

Дар маҳфил пирони рӯзғордида доир ба ҳурмату эҳтироми калонсолон, тарбияи дурусти фарзандон дар оила ва аз ҳаёту рӯғордории худ ба ҷавонон ҳикоя намуданд.