Намоишгоҳи «Бозори ҳунар» баргузор шуд.
30- май дар назди қасри фарҳанг аз тарафи Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант намоишгоҳи «Бозори ҳунар» баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур фарогири маҳсули дастони бонувони ҳунарманди шаҳр буда, Қ. Сангалиева муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Х. Бекова мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз он дидан намуданд.
Дар охир ба як қатор ҳунармандон ва чирадастони шаҳр сипосномаи Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақдим карда шуд.
Сипас дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №2 бо иштироки меҳмонон ва муовини раиси шаҳр Н. Қурбонова бо омӯзгорон ва толибилмони синфҳои болоӣ вохурӣ доир намуданд, ки мавзӯи баҳси онро масъалаи ташвишовари имрӯзаи ҷомеа – ҷудошавии оилаҳои ҷавонро дар бар мегирифт.