Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

.

Бо фаро расидани фасли тобистон ва мавсими обдиҳӣ хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ пайдо мешавад. Бинобар ин кормандони МНДСЭ ва дигар масъулинро зарур аст, ки пайи гирифтани пеши роҳи ин бемориҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 Бо ин мақсад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода З.Д аз ҷую каналҳои деҳаи Тоҷирони ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуданд.

Бо дастури раиси шаҳр дар ҳавзи оби деҳаи мазкур муоинаи санитарию эпидемиологӣ ва корҳои бесироятгардонӣ бо хокаи хлор гузаронида шуд. Чунин корҳо дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат»-у «Гулистон» амалӣ карда мешаванд.