Рушди ҳунармандӣ дар шаҳр
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ боиси ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад. Нақши атлас ва адраси миллӣ аз замонҳои қадим барои ҳар як хонадони тоҷик мақоми хоса дошт.
Раиси шаҳр аз рафти фаъолияти яке аз бонуи бофарҳангу бофандаи ҳунарманд Фозилова Файзия, ки дар соли 2017 ғолиби Гранти Президентӣ гашта буд ва айни ҳол дар хонаи истиқоматиаш бо бофтани адрасҳои хушранг машғул аст, дидан намуданд.
Ҳунари касбӣ аз ҳунарҳои маъруфу пуршараф аст, ки барои пешрафти ҷомеа нақши босазо хоҳад гузошт,-иброз дошт ҳунарманд Фозилова Ф.
Имрӯзҳо духтарони апаи Файзия Барною Маҳбуба ва Лола ҳамроҳи модари худ нақшу нигори адраси хатлониро тарҳрезӣ намуда, барои бонувони хушсалиқаи вилоят пешниҳод менамоянд. Дар оянда апаи Файзия мехоҳад ин ҳунари худро рушд дода, маҳсули меҳнати худро ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ пешкаш намояд.
Ба ин кор ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем.