Маҳсули меҳнати бонувон-пешкаши харидорон

.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018  солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ вобаста ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

 Дар шаҳри Левакант низ вобаста ба ин ҳунармандон баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ба дӯзандагию заргарӣ, бофандагию кандакорӣ, чакандӯзию қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машғул гардида, саҳми босазои худро дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр гузоштаистодаанд ва бо ин васила ҳунарии бобогии худро эҳё ва рушду равнақ додаистодаанд.

Гулчиной Ашурова яке аз бонувони ҳунарманди деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мебошад, ки бо ҳунари сабадбофиаш дар ҳамаи озмуну чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок менамояд. Имрӯзҳо апаи Гулчиной ҳунари волои худро ба як гуруҳ духтаракони деҳот омӯзонида истодааст ва мехоҳад «панҷ панҷаи духтаракону бонувони деҳаи дурдастамон ҳунар бошаду ҳаргиз дар зиндагӣ хор нагарданд».

Муддати як ҳафта аст, ки сабадҳои хурди омоданамудаи апаи Гулчинойро як гуруҳ занон, ки дар «Маркази дастгирии бонувон» фаъолият мекунанд, бо хушкмеваҳои гуногун ва қурутҳои омоданамудаи бонувони деҳот пур намуда, пешкаши харидорон ва меҳмонон мегардонанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар оянда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли маҳсулотҳои ҳунарҳои дастии ин бонувони ҳунармандро бо тариқи тадқиқот ба ҳисоботҳои омори давлатӣ ворид намояд.