Вохӯрии раиси шаҳр ба сокинони деҳот

.

Имрӯзҳо вохӯриҳои и.в. раиси шаҳри Левакант Давлатзода З.Д бо сокинони деҳоти Ваҳдат идома дорад.

 Субҳи 2 июли соли ҷорӣ раиси шаҳри Левакант Давлатзода З.Д. бо сокинони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохурӣ гузаронид.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳрро  муовини раиси шаҳр Қурбонова Н.С, сардори КДАМҶТ дар шаҳри Левакант Қурбонов Ш, раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Сармисоқова Х, раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон Ҳалимзода С  ҳамроҳӣ намуданд.

Сармисоқова Х- раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оиди камбудиву муваффақиятҳои деҳаи Истиқлол муфассал маълумот дод.

Раиси шаҳр Давлатзода З.Д. бо сокинон  оиди  иҷрои қонунҳои амалкунанда, Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилоят ва шаҳр, корҳои ободониву созандагӣ, дар сатҳи баланд сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи соҳибкорон дар мӯҳлатҳои муайян сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашни  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сокинони деҳаи Истиқлол аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки баҳри ободонии ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар охир сокинон барои ободонии деҳа таклифу пешниҳодҳо намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.