Фарогирии ятимони кулл ба истироҳати тобистона.
Биноба иттилои Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар ятимони кулл дар басти якуми истироҳати тобистона дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Бояд қайд намуд, ки истироҳати тобистона дар ҳашт муассисаи таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Басти якуми истироҳати мактаббачагон дар майдончаҳои солимгардонӣ ба анҷом расида, басти дуюми он аз 8-уми июл оғоз мегардад.