Омодагӣ ба соли нави таҳсил
Баъди аттестатсияи давлатии хатм, ки рӯзи 28 июни соли 2019 ба анҷом расид, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр таъмиру рангуборкунӣ оид ба омодагӣ ба соли нави таҳсил оғоз гардид.
Чи тавре ки директорони муасисаҳои таълимӣ иттилоъ доданд, қисмати дохилии муассисаҳои таълимӣ то 10 июл пурра аз таъмир бароварда мешаванд. Қисмати берунаи муассисаҳои таълимӣ аз 1 август оғоз гардида, 10 август пурра аз таъмир бароварда, ба соли нави таҳсил омода карда мешаванд.