Вохӯрӣ дар деҳаи Истиқлол
Рӯзи 9.07.2019 дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони ин деҳа вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мутахасиси пешбари бахши кор бо занон ва оила Набиева Ф, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Азизов М ва раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Сармисоқова Х иштирок намуда, вобаста ба пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ки боиси нигаронӣ гардидаанд, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.