Хизмат ба халқу ватан мароми мост!
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шабакаҳои барқи шаҳр хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Суҳроб Валиев, инчунин кормандони шабакаҳои барқ иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз намуда, иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Роҳбари давлат иброз намуданд, ки зимни истифодаи максадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрдорон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.
Бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Суҳроб Валиев ба сухан баромада қайд намуданд, ки ҳануз ҳам лампаҳои тафсон дар баъзе маврид ба чашм мерасанд ва баъзе сокинон бо дидани онҳо дар фурӯш оқибати манфии таъсирашро ҷиҳати талафоти нерӯи барқ фикр накарда, харидорӣ менамоянд ва мавриди истифода қарор медиҳанд.
Агар мо дар робита ба ин масъала ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ нишон диҳем, ба натиҷаҳои дилхоҳ зудтар ноил мегардем ва дар ҳамаи фасли сол аз норасогии нерӯи барқ, ранҷу душворӣ нахоҳем кашид.
Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват намуд.