Корҳои созандагӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ!
Рӯзи 10 июл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии филлиали №50-и «Амонатбонк» дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат Фароғат Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб ва ҳамчунин мақсади роҳандозӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» сухан гуфта, аз ҷумла изҳор доштанд, ки соҳаи бонкдорӣ аз мавзуъҳоест, ки дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои рушди ин соҳа супоришҳо дода мешаванд.
Бештар ба роҳ мондани қарзҳои хурд барои дастгирии кишоварзону соҳибкорон, ба кор ҷалб кардани мутахассисон аз ҳисоби занҳо дар соҳаи бонкдорӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва шаффофият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз омилҳоеанд, ки ба пешрафту тараққиёти соҳа такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид, - қайд гардид дар рафти суҳбат.