Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр
13 июли соли 2019 дар толори қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 6- моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, муовини якум, муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳал, собиқадорон, фаъолон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодии хоҷагии халқи шаҳр дар 6 моҳи соли ҷорӣ муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А. Қ. баромад намуда, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, Раиси шаҳр аз рӯи натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварии андоз, иҷрои қисми даромади буҷет, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ масъулони дахлдори раёсатҳои кишоварзию молия, нозироти андоз, бахшҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва масъулини дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурсида шуданд.
Раиси палатаи ҳисоб, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр, доир ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, тезонидани суръати сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ аз ҳар як соҳибкор пурсиш ба амал оварда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фароварди маҷлис раиси шаҳр барои бо масъулияти баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо дастовардҳои наҷиб сазовор истиқбол гирифтани Истиқлолияти давлатӣ ба ҳама иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуданд.