Вохӯриҳо баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ
11 июли соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти «Гулистон» аз тарафи мутахассисони маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО дар якҷояги бо кормандони МТТҲС дар байни омӯзгорон ва аҳолии ин деҳа доир ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/ БПНМ) вохӯрӣ доир карда шуд.
Баҳри пешгирии бемории ВНМО аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиён 33 – варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, “барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ ҳангоми аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштан, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаштан даркор”-таъкид намуд директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим С. Акрамова.
Чунин вохӯриҳо дар ҳар як кӯчаю маҳаллаи деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти “Ваҳдат”-у “Гулистон” доир гардида истодааст.