Ҷавоби мо созандагиву бунёдкорист

.

Аз ҷониби гурӯҳи мухолифини тоҷик барпо шудани тазоҳурот дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дархости озодии Бузургмеҳр Ёров, собиқ вакили дифоъ ва аз думравони содиқи  ТЭТ ҲНИ бозгӯйи он аст, ки ин гурӯҳ майдатарин имкониятро барои сиёҳ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати дохилии он қодир ва омода ба ҳар кору амали пасту нописандида ҳастанд.

 

Тааҷҷубовар аст мушоҳидаи рафтору кирдори саркардагону ташкилкунандагони ин гирдиҳамоӣ. Нафароне, ки то дирӯз зери ливои ҲНИ даву тоз дошта, аз номи ислом ва «аз барои худо» ҳукму фатвоҳо мебароварданд, акнун бо чеҳраи «курт аврупоӣ», аз демократияву озодӣ сухан мегӯянд.

Ин бори аввал нест, ки ин хиёнатпешагон бо дархости озодии кадом як шахси «сиёсатмадор» чунин тазоҳурот доир менамоянд. Ин ҷо андаке андеша кофист то бидонем, ки кистанд он «зиндониёни сиёсӣ» ва чаро ин гурӯҳ барои озодии онҳо ин қадар ҷон мекоҳонанд. Барои мисол Зайд Саидов. Нафаре, ки баъди ба имзо расидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҳисоби 30-фоизаи иттиҳоди мухолифини тоҷик ба вазифаи баландпоя таъин шуд. Аз оне, ки ин гурӯҳ мақсаду мароми худро сирф барои ободиву озодии кишвар ба қалам медоданд, мебоист бо дасту дили пок ба манфиати халқу миллат хизмат менамуд. Аммо мақсади онҳо танҳо барои ба даст овардани ҳокимият буд, чунки ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба «соҳибкори муваффақ» табдил ёфт ва молу амволи ҳангуфт ҷамъ овард. Ҳамин, ки мақомоти қудратии дахлдор ба сарчашмаи ин қадар даромадҳо мароқ зоҳир намуд, Зайд Саид, ки аз раҳнамоёни рубоҳмиҷоз дарси хуб гирифта буд, дарҳол бо таъсис додани ҳизбе бо номи «Тоҷикистони озод» калимаи сиёсатмадорро ба номи худ часпонид ва аз ҳамин ҷо пайдо шуд мафҳуми «зиндониёни сиёсӣ».

Маҳз ҳамин рафтори рӯбоҳона ба гурӯҳҳои парешоншудаи ҲНИ имконият додааст, ки аз нақзи қонун дар Тоҷикистон ба ҳар ҷо ҷор зананд ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намоянд ва дахолати онҳоро ба масоили дохилии Тоҷикистон ташкил созанд. Ин нохалафони дарунсиёҳ, ин ғуломони ҳалқабаргӯши хориҷиён ин қадар пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро нодида гирифта,         ҳанӯз ҳам талош доранд, ки мардумро ба гумроҳӣ бибаранд. Онҳо акнун на бо даъватҳои мусулмонӣ (чун нек фаҳмиданд, ки дигар касе ба онҳо бовар надорад), балки бо ибораҳои болохонадори демократияву озодӣ таъсири нохуб рӯйи эҳсосоти мардуми тоҷик гузоранд.

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии худ қарор дорад ва ҳамарӯза аз ҳар гӯшаю канори мамлакат хабарҳои зиёди ободониву созандагӣ ба гӯш мерасанд. Ҳамасола ҳазорон ҳазор иншоотҳои таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.  Халқи тоҷик ҳама чун як тану як ҷон барои ободии ватани худ камари ҳиммат бастаанд. Мо ба касе чизеро исбот кардан намехоҳем. Созандагӣ мароми мост! Ин аст ҷавоби мо ба ҳар нафаре, ки тоҷику тоҷикистониёнро бо чашми кам мебинад.

                                                                                                                                       

                                                                                                                                                 Ватанзода С., раиси КИ ҲХДТ

                                                                                                                                                                                          дар шаҳри Левакант