Ҷамъбасти мусобиқаи футбол миёни деҳаҳои ҷамоати дехоти Ваҳдат!

.

Мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ки бахшида ба чашни 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳудуди ҷамоати дехоти  «Ваҳдат» ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои ғолибомадаи Навобод ва Сарбанди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» байни ҳам қувва озмуда, мусобиқа  бо ҳисоби 2/1 ба фоидаи дастаи Табақчӣ ҷамъбаст гардид.

Дар охир намояндагони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пеш аз оғози даври ниҳоии он  бо иштироккунандагон  доир ба даъвати  ҷавонон ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуда, онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватану Модар даъват намуданд.