Ҷамъбасти кори фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант дар шашмоҳаи аввали соли 2019
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли равон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷафар бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2019, вазифаҳои навбатии аъзо ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 андешаронӣ намуд.
Зимнан қайд намуд, ки дар ин муддат тибқи нақша-чорабиниҳо дар манотиқи деҳоти шаҳр бо ташаббуси масъулони ҳизбӣ бо роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои бунёдкорӣ, ободонӣ ва созандагӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал роҳандозӣ гардиданд.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ 4 масъала - ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ дар шашмоҳаи дуюми соли 2019, дар бораи тасдиқи нақшаи «Обуна -2020» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар шашмоҳаи дуюми соли 2019 ва оиди даровардани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод гардида, баррасӣ карда шуданд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои ҷаласаи ҳизбӣ ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ як қатор таклифу пешниҳодҳоро баён намуданд.