Иштироки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди Бокс

.

Тибқи маълумоти директори муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Тоиров А. рӯзҳои 6-7 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди Бокс байни наврасон баргузор гардид.

 

Варзишгарони мактаби варзишии шаҳр аз дастаи Хатлон-1 иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Саъдулозода Э. дар вазни 53 кг, Саъдулоев С. дар вазни 30 кг, Қурбонов Н. дар вазни 44 кг, Абдуллоев М. дар вазни 34 кг, Насимов Ш. дар вазни 42 кг, Муродов Ш. дар вазни 46 кг, Бояков М. дар вазни 48 кг сазовори ҷойҳои 1-ум, Муродов Ш. дар вазни 32 кг, Мизиров Ю. дар вазни 36 кг, Ҳасанов Ш. дар вазни 38 кг, Холмуродов М. дар вазни 50 кг, Рустамҷони И. дар вазни 56 кг сазовори ҷойҳои 2-юм ва Наимов Ш. дар вазни 28 кг, Тоҷидинов М дар вазни 46 кг сазовори ҷойҳои 3-юм гардиданд.