Ҳифзи сиҳатии аҳоли яке аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ !

.

17-уми июл тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумита хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он рушд бахшидан ба соҳаи тандурустӣ ва муҳайё сохтани инфрасохтори соҳа аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дониста шуд.

 

Дар баромади Фароғат Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита ва Дилшод Ғафуров, сартабиби Муассисаҳои КАТС ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қайд гардид, ки дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти он диққати махсус зоҳир мегардад. 

Имрӯзҳо дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шахр бо дастгирии аъзоён, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодааст, ки мавҷудияти он сатҳи хизматрасонии тиббиро ба сокинони ин деҳа беҳтар мегардонад,- гуфт Дилшод Ғафуров.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки маъмурияти Муассисаҳои КАТС бо ҷалби мутахассисони касбӣ ташкил намудани «Корвони саломатӣ»-ро ба як қатор деҳаҳои ҳудуди шаҳр ба нақша доранд.

Ҳамзамон дар кисмати амалии Аксияи хизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! аз тарафи кормандони муассисаи мазкур,  гирду атрофи бино ва кисмати канори рохи мошингузар аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.