Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Хонандаи беҳтарини сол - 2019»

.

Даври ҷамъбастии озмуни вилоятии «Хонандаи беҳтарини сол 2019» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон доир гардид. Дар ин озмун аз шаҳри Левакант 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №№1,2,14, ва литсейҳои №№1 ва 2 ширкат варзиданд.

 Назриев Абдуллоҷон хонандаи синфи 11-и литсейи №1 миёни хонандагони синфҳои 11 ғолибиятро ба даст овард. Эвазов Муҳаммад хонандаи синфи 8 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, Одинаева Гулбаҳор, Холмуродова Мадина хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, Бозорова Таманно хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, Шарифҷони Алишер хонандаи синфи 11-и литсейи №2 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.