Рушди маориф асоси пешрафти ҷомеа

.

16-уми июл дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши маориф» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ доир гардид, ки мавзӯи меҳварии онро рафти таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии шаҳр, омодагии масъулон ба соли нави таҳсил ва мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар бар мегирифт.

 Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Нуринисо Ибодуллоева ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Гуландом Ризомова иштирок намуда, аз ғамхориву дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф сухан гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии бевоситаи аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр корҳои зиёди рангуборкунӣ ва сохтмону азнавсозии синфхонаҳо рафта истодааст.