Чамъбасти мусобиқаи футбол байни деҳаҳои чамоати деҳоти «Гулистон» -и шаҳри Левакант!
Мусобиқаи футбол миёни ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант байни деҳаҳои Эшонобод, Меҳробод, Тоҷирон, Баҳодурон, Хуррамдеҳ ва Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» барои дарёфти ҷоми ҳизб, бахшида ба ҷашни 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар рафти мусобиқаҳои футбол дастаи ҷавонони деҳаи Тоҷирон бо ворид сохтани 9-туп ба дарвозаи ҳариф ғолибиятро ба даст оварда, ба даври ниҳои роҳхат ёфтанд.