Идомаи санҷишҳои байниҳамдигарӣ...

.

Иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 05.07.2019, №22 «Дар бораи санҷиши байниҳамдигарии шаҳру ноҳияҳо» идома дошта, санаи 19.07.2019 ҳайати гурӯҳи кории шаҳри Норак бо намояндагии Хидирзода Махфират Умар муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.

 

Ҳайати гурӯҳи кори аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагиҳои халқи шаҳр дидан намуданд. Кор аз шиносоӣ бо синфхона- осорхонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти «Маркази бонувон», муассисаи томактабии хусусии «Нигина», НБО-Сарбанд  оғоз гардида, санҷишҳо дар соҳаҳои дахлдор шуруъ шуданд.

Дар охир аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ ба меҳнаткашони шаҳр дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.