Озмуни «Ғизои солим ба хотири насли солим»
Рӯзи 18.07.2019 дар бинои қасри фарҳанги шаҳри Левакант аз тарафи маъмурияти муассисаҳои КАТС дар хамкори бо лоиҳа оид ба саломати ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озукаворӣ ба хотири оянда» озмуни регионалии «Ғизои солим ба хотири насли солим» дар байни кормандони тиб гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур кормандони муассисаҳои КАТС ҳунару истеъдоди худро оид ба аҳамияти ғизои солим ва истеъмоли он барои модару кӯдак муаррифӣ намуданд.