Вохӯрии табибон бо аҳолӣ
Аз ҷониби масъулини Муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам ва кормандони МТТҲС бо ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар байни истиқоматкунандагони кӯчаҳои Борбад 4,6 ва Вахш 10 доир ба бемориҳои сироятӣ, пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемории сироятии дарунрав ба воситаи иммунизатсия идорашаванда «Рота вирус», диабети қанд, фишорбаландӣ, бемории вараҷа ва гигенаи шахси суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардид.
Мақсад аз ин вохӯрӣ огоҳ намудани аҳолӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар ин вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки мо бояд баҳри солимии хеш аз ҳуқуқҳои худ ва шаҳрвандиамон истифода бурда, ҳангоми гузаронидани сузандоруҳо ва хизматрасониҳо дар кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо аз масъулин талаб намоем, ки тибқи стандартҳои тиббӣ корро ба роҳ монанд, ки аксарият бемориҳои сироятӣ бо ин роҳҳо мегузаранд.