ҲХДТ неруи пешбари ҷомеа!
Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузориии хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Сафари» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом, корманди масъули муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳр Тоҳиров Бахтиёр хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар аввал мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев ба сухан баромада оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун неруи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар мегузоранд. Ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калиди дорад. Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судманро ба роҳ мондааст.
Зимни вохӯрӣ Суҳроб Валиев дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, истода гузашт.
Дар охир ҳамаи иштирокдоронро баҳри иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват намуд.