Ҳадафи мо баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон!
Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ЧСК «Нурихои Осиё»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Левакнт Ватанзода Сайчафар оғоз намуда, иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Зимни суханронӣ оид ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тарғиботии ҳизб, пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳолӣ ва ғайра бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дод, ки ба иштирокчиён рӯҳияи баланди маънавӣ бахшид.
Ҳамзамон дар кисмати амалии Аксияи хизбии «Якҷоя ҳал мекунем» бинои баландошёнаи дар кӯчаи марказии шаҳр вокеъбударо рангу бор намуданд.