Ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак
Рӯзи 23.07.2019 ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур 4 масъала баррасӣ гардида, вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳисоботи Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Тибқи иттилои Котиби комиссия дар давраи ҳисоботӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон 14 хулоса оид ба муайян намудани шароити зисти шаҳрвандон ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шуд.
Дар ҳамин давра аз ҷониби Котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагии нозири НПҲНҶ, бахшҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар марказҳои дилхушӣ, тарабхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ 21 маротиба рейдҳо ва амалиётҳои муштараки «Оворагард», «Наврас» ва «Хурдсол» гузаронида шуд.
Баҳри таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 4 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, 735/429 нафар омӯзгорон машғули дарсомӯзӣ мебошанд. Дар шаҳр 11631/5606 нафар наврасон дар муассисаҳои таълимӣ, 488/187 нафар дар муассисаҳои томактабӣ, 158/133 нафар дар маркази таҳсилоти иловагӣ, 206/101 нафар дар мактаби санъати бачагона ва 350 нафар дар марказҳои инкишофи кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар ҷаласа масъалаи ба ҷиноят даст задани ноболиғон баррасӣ гардида, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноят ҳамаи аъзоёни комиссия вазифадор гардиданд. Инчунин зери назорати қатъӣ қарор додани 21 нафар ноболиғони таҳти васояту парасторӣ қарордошта таъкид карда шуд.